Шиносоӣ бо сохтмони Боғи фарҳангию фароғатии назди Қасри Арбоб

Азназаргузаронӣ: 575

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмонии Боғи фарҳангию фароғатие, ки дар назди Қасри Арбоб бунёд шуда истодааст, шинос гардид.

Боғи фарҳангию фароғатӣ дар даромадгоҳи асосии Қасри таърихии Арбоб бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодааст. Бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ дар назди Қасри таърихии Арбоб барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон мувофиқ буда, аз ин макони таърихӣ ҳамасола садҳо нафар меҳмонони дохиливу хориҷӣ боздид менамоянд. Аз ин лиҳоз, боғи нав барои сайёҳон макони хуби истироҳативу сайёҳӣ хоҳад шуд.

Тибқи лоиҳа иншоот бо дарвозаи асосӣ, нишастгоҳҳо, гулгашту фаввораҳо сохта шуда, барои нақлиёт низ ташкили таваққуфгоҳ пешбинӣ гардидааст.

Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва лоиҳаи иншоот ошно шуда, ба сохтмончиёну мутахассисон ва рассомону ҳунармандон суҳбат карда, барои татбиқи босифати лоиҳа супоришҳо дод.

Бояд гуфт, ки имсол 30-юмин солгарди баргузории яке аз рӯйдодҳои муҳиму сарнавиштсоз — Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад.

30 сол пеш, дар он шабу рӯзҳои тақдирсоз хиради азалии миллати тоҷик боло гирифт ва дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд баҳри барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амнияти миллӣ, пойдории таҳкурсии давлат, рушди муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва байналмилалӣ заминаи муҳим ва мусоид фароҳам овард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

1.jpg 2.jpg 3.jpg

4.jpg 5.jpg 6.jpg

7.jpg 8.jpg 9-1.jpg

9-2.jpg 9-3.jpg 9-4.jpg

9-5.jpg 9-6.jpg 9-7.jpg

9-8.jpg 9-9.jpg