Собиқадорони меҳнат аёдат карда шуданд

Азназаргузаронӣ: 563

22 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ собиқадорони меҳнатро аёдат кард.

Раиси вилоят ба манзили Ҷумаев Абдуқаюм ва Сангинов Азим омада, бо пирони кор сӯҳбати самимӣ анҷом дод. Аснои суҳбат роҳбари вилоят аз саҳми собиқадорон дар рушди ҷомеа ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба собиқадорон ёдоварӣ кард.

Собиқадорони меҳнат хотираҳои ҷолиби худро аз давраҳои фаъолияташон баён намуда, барои дастгириҳои доимӣ ба Сарвари давлат изҳори миннатдорӣ карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

1.jpg 2.jpg