Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чанде аз собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.
Раиси вилоят аз ҷумла аз ҳоли профессор Усмонҷон Ғаффоров, собиқадорони соҳаи кишоварзӣ Абдунабӣ Ҳодибоев ва Биҷҷанат Усмонова хабар гирифта, бо пирони кор сӯҳбатҳои самимӣ анҷом дод.