Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарияти ширкати ««B.A Holding»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти ширкати ««B.A Holding»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба ҳузур пазируфт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода муассиси ширкат Баҳодур Абдуллоев ва директори генералии ширкат Гулбаҳор Тоҷимирзоеваро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёв ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарии ҷонибҳо рушду тавсеа ёфта истодааст.

Мулоқоти Раиси вилоят бо Ангелика Шопп  

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби сурх дар Тоҷикистон Ангелика Шопп мулоқот кард.

Аснои мулоқот ҷонибҳо вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ташкилоти байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Қайд карда шуд, ки Кумитаи байналмилалии Салиби сурх дар татбиқи лоиҳаҳои мухталиф саҳм гузошта, дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нақши муассир дорад. Бо дастгирии ташкилоти байналмилалӣ лоиҳаҳо дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла тандурустӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кӯмак ба аҳолии осебпазиру маъюбон амалӣ мунтазам амалӣ мегардад.

Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари Намояндагии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари Намояндагии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Шенни Кэмпбелл мулоқот намуд.

Аснои суҳбат ҷонибҳо ба нақши ташкилоти байналмилалии молиявӣ дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ баҳои баланд дода, вобаста ба дурнамои ҳамкориҳо мубодилаи афкор намуданд.

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошихиро Аики

Нимаи дуюми рӯзи 27 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошихиро Аикиро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз густариши робитаҳои гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Ҷопон изҳори қаноатмандӣ карда, татбиқи муваффақонаи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоиро натиҷаи ҳамкориҳои судманд арзёбӣ намуданд.

Мулоқоти Раиси вилоят бо директори генералии ҶДММ "Хуаксин Ғаюр Суғдсемент"

26 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии ҶДММ "Хуаксин Ғаюр Суғдсемент" Чжоу Чжиюсун мулоқот намуд.

Ҷонибҳо аснои мулоқот доир ба фаъолияти имрӯзаи корхона, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, содироти семент ба хориҷи кишвар мубодилаи афкор намуданд.

Мулоқоти Раиси вилоят бо директори генералии Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой

26 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой Ли Яохуэй мулоқот намуд.

Тавре дар мулоқот таъкид гардид, Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой аз калонтарин корхонаҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар он 3460 нафар кору фаъолият доранд. Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ корхона ба маблағи 2 миллиарду 779,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст. Аз ҷумла, 60,8 ҳазор тонна консентрати сурб ва 94,5 ҳазор тонна консентрати руҳ истеҳсол шудааст. Саҳми корхона дар ободии маҳал низ назаррас буда, бо 75 миллион сомонӣ маблағгузории ширкат роҳи автомобилгарди Зарнисор-Бӯстон ба масофаи 38 км мумфарш гардида истодааст. Ҳамзамон корхона аз ҳисоби даромадҳои худӣ дар шаҳри Истиқлол як кудакистони замонавӣ бунёд намудааст.

Мулоқоти Раиси вилоят бо директори генералии корхонаи "Зарафшон"

Нимаи дуюми рӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Жан Яомин, директори генералии корхонаи муштараки "Зарафшон"-ро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба фаъолияти корхонаи калони саноатӣ, вазъи корҳои сохтмонии корхонаи нави металлургӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои корхона мубодилаи афкор намуданд.