
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семен Григоревро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманд мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид карда шуд, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ду кишвари дӯст дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, сармоягузорӣ, маориф ва фарҳанг ҳамкории зич доранд.
Раиси вилоят илова намуд, ки дар вилояти Суғд имкониятҳо фаровон буда, бо ҷалби сармоя метавон робитаҳои иқтисодиву тиҷоратиро боз ҳам мустаҳкам намуд.










