Мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон

15 марти соли 2024 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон - Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. 

Зимни мулоқот роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматӣ масъалаҳои делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ намуданд. 

Дар натиҷаи гуфтушунид пешравии назаррас ба даст омада, ба гурӯҳҳои дахлдори ҷонибҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати идома додани кор дар самти минбаъд муайян намудани гузариши хати сарҳади ҳарду давлат дар минтақаҳои боқимонда супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев ва Консули генералии ФР дар шаҳри Хуҷанд Сергей Ланкинро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар, ки самараи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин аст, изҳори қаноатмандӣ намуданд. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки вилояти Суғд бо минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дошта, бо сармояи муштарак як қатор корхонаҳои саноатӣ дар вилоят фаъолият доранд. Таъкид карда шуд, ки вилояти Суғд омода аст ҳамкорӣ дар бахшҳои саноату кишоварзӣ, дорусозӣ, сайёҳӣ, фарҳанг, илму маорифро боз ҳам тақвият бахшад.

Мулоқот бо роҳбари намояндагии Котиботи байналхалқии захира­ҳои об дар Тоҷикистон

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадз­ода бо роҳбари намоя­ндагии Котиботи бай­налхалқии захираҳои об дар Тоҷикистон Ол­ивер Норманд мулоқот намуд.

Зимни мулоқот Раиси вилоят иброз дошт, ки бо дастгириҳои Ҳук­умати Ҷумҳурии Тоҷик­истон дар вилояти Суғд рушди соҳаҳои хо­ҷагии халқ таъмин га­рдида, дар ин раванд саҳми шарикони рушд низ дар ҳалли масъа­лаҳои мавҷудаи ҷомеа муҳим мебошад.

Тавре иттилоъ дода шуд, татбиқи лоиҳаҳои Котиботи байналхал­қии захираҳои об дар Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Ҷаббор Расулов идо­ма дошта, дар назар аст, ки бо амалишавии пурраи лоиҳаҳо дас­трасӣ ба оби нӯшокиву полезӣ дар минтақа­ҳо боз ҳам беҳтар хо­ҳад шуд.

Мулоқот бо директори иҷроияи корхонаи «Vast Resources PLC» Ричард Эндрю Прили

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори иҷроияи корхонаи «Vast Resources PLC» Ричард Эндрю Прили ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масъалаи ҳамкории мутақобила дар самти истихроҷ ва коркарди маъданҳои куҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Зимни муаррифии имкониятҳои вилоят роҳбари вилоят изҳор дошт, ки дар вилояти Суғд барои рушду тараққиёти тамоми бахшҳои хоҷагии халқ тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.  

Дар вилоят бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҳамасола садҳо корхонаи саноатӣ фаъол гардонида мешавад. 

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Ҳамроев мулоқот анҷом дод.

Дар ин мулоқот, ки масъалаи ҳамкорӣ дар самти истифодаи захира ва манбаъҳои обии минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифт, Вазири энергетика ва оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа низ ҳузур дошт.

Раиси вилоят аснои мулоқот меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, илова намуд, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ду кишвар муносибатҳои дӯстона дошта, дар тамоми самтҳо ҳамкории судманд доранд.

Дар ин раванд масъулинро зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи сиёсати дӯстона ва бародаронаи роҳбарони давлатҳо дар сатҳи минтақаҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. 

Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарони корхонаҳои азими саноатӣ

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарони як қатор корхонаҳои калони вилоятро ба ҳузур пазируфта, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини рушди соҳаи саноат супоришҳои мушаххас дод.

Раиси вилоят аз ҷумла бо директори тиҷоратии ҶДММ “Анзоб” Толиб Холзода, директори генералии Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой Як Чжи Сай, директори генералии ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ”, Ли Сю Мин, муовини директори генералии ҶДММ “Талко Голд” Шариф Ҷумъазода мулоқотҳо анҷом дод.

Раиси вилоят барои иҷрои уҳдадориҳо ва таъмини рушди соҳаи саноат, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, боз ҳам беҳтар намудани шароити коргарон, саҳмгузорӣ дар бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ вазифагузорӣ намуд.

Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини раиси Кумиҷроияи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус Денис Курленко ва гуруҳи соҳибкорони ин кишвар, ки ба вилоят ташриф оварданд, мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҳамзамон Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко, роҳбарони идораҳои давлатии ду вилоят низ иштирок намуданд.

Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко ду давлати дӯст дар бахшҳои мухталиф ҳамкории густарда доранд.

Дар доираи созишномаҳои дуҷониба миёни вилоятҳои Суғд ва Минск равобити хуби иқтисодӣ дошта, доираҳои тиҷоратии ду тараф мунтазам барои зиёд намудани гардиши молу маҳсулот кӯшиш менамоянд.