Мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғд, Фарғона ва Бодканд

19 декабри соли 2024 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Дар мулоқот Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров ва намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев иштирок намуданд.

Нахуст Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, баргузории чунин мулоқотҳоро барои таҳкими муносибатҳои дӯстона муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Хайрулло Бозоров

19 декабри соли 2024 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хайрулло Бозоровро ба ҳузур пазируфт. 

Ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров ҷиҳати иштирок дар вохӯрии раҳбарони вилоятҳои Суғду Фарғона ва Бодканд ба вилояти Суғд ташриф овард.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз таҳкими робитаҳои дӯстона изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо таҳкими робитаҳои дӯстонаро самараи сиёсати оқилонаи сарони давлатҳо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев арзёбӣ намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо мубодилаи афкор намуданд.

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Абдикарим Алимбаев

19 декабри соли 2024 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаевро ба ҳузур пазируфт. 

Намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев ҷиҳати иштирок дар вохӯрии раҳбарони вилоятҳои Суғду Фарғона ва Бодканд ба вилояти Суғд ташриф овард.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз таҳкими робитаҳои дӯстона изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо таҳкими робитаҳои дӯстонаро самараи сиёсати оқилонаи сарони давлатҳо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров арзёбӣ намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо мубодилаи афкор намуданд.

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони шаҳри Конибодом

16 декабр дар шаҳри Конибодом бо иштироки намояндагони ҷомеа, фаъолону роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва масъулини соҳаҳои маорифу тандурустӣ машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид. 

Дар ҷаласа масъалаҳои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амну суботи ҷомеа, бехатарии шаҳрвандон, муборизаи беамон бар зидди ҳамагуна қонуншиканиҳо, пешгирии содиршавии ҷиноятҳои хавфнок ва сари вақт ошкорсозии онҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Раиси вилоят зимни мулоқот аз талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдат ва амну суботи ҷомеа ёдовар гашта, таъкид намуд, ки таъмини оромӣ ва бехатарии шаҳрвандон дар меҳвари фаъолияти давлат қарор дошта, бо ин мақсад тамоми имконот, захира ва нерӯ равона карда мешавад.

Мулоқоти Раиси вилоят бо сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон

5 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Раҷеш Уикеро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо иброз доштанд, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони ду мамлакат ҳамкорӣ дар ҳамаи самту соҳаҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Раиси вилоят аснои мулоқот доир ба имкониятҳои саноати куҳкорӣ, саноати сабуку хурока, соҳаҳои кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дорусозӣ маълумот дод. Инчунин ба масъалаи татбиқи лоиҳа дар самти бунёди корхонаи коркарди чарм ва истеҳсоли маҳсулот аз он, корхонаҳои коркарди пахта таваҷҷуҳ равона гардид. 

Ҷонибҳо таъкид карданд, ки метавонанд дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, истеҳсоли доруворӣ, коркарди пахта ҳамкории густардаро ба роҳ монанд.

Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо гуруҳи соҳибкорон аз Ҷумҳурии мардумии Чин

11 ноябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуруҳи соҳибкорон аз Ҷумҳурии мардумии Чинро бо роҳбарии Ху Сяоян ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот роҳбари вилоят доир ба имкониятҳои мавҷуда дар вилояти Суғд маълумот дода, ҳавасмандии хешро барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ ба сармогузорон изҳор дошт. Таъкид карда шуд, ки дар Тоҷикистон саноатикунонии босуръат ҳадафи стратегӣ эълон гардидааст ва вилояти Суғд барои ташкили корхонаҳои нави саноатӣ метавонад бо шарикони хориҷӣ ҳамкории самарабахшро ба роҳ монад. 

Раҷаббой Аҳмадзода илова намуд, ки соҳибкорони тоҷик бо соҳибкорони чинӣ ҳамкории хубу густурда дошта, айни замон лоиҳаҳои гуногунро дар вилоят амалӣ намуда истодаанд.

Ху Сяоян иброз дошт, ки ӯ ва ҳамроҳонаш дар татбиқи лоиҳаҳои марбут ба тавлиди «энергияи сабз» таҷрибаи калон доранд ва дар ин самт метавонанд ҳамкориро ба роҳ монанд. Ба таъкиди сармоягузорони чинӣ ширкати онҳо бо истифода аз фановариҳои замони муосир аз боду офтоб ва коркарди партовҳо нерӯи барқ истеҳсол менамояд ва ҳавасманд аст, ки бо вилояти Суғд ҳамкорӣ намояд.

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкорон аз Ҷумҳурии мардумии Чин

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуруҳи соҳибкорон аз Ҷумҳурии мардумии Чинро ба ҳузур пазируфт. 

Соҳибкорони чинӣ бо роҳбарии Чен Сунг бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ бо шарикони худ аз Тоҷикистон ба мамлакат ташриф овардаанд.

Раиси вилоят ба соҳибкорону сармоягузорон доир ба вазъи кунунӣ ва имкониятҳои соҳаҳои саноату кишоварзӣ маълумот дода, таъкид кард, ки вилояти Суғд барои ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои гуногунсамт омода аст. 

Таъкид гардид, ки дар вилояти Суғд бо ҷалби сармояи соҳибкорони чинӣ корхонаҳои саноатӣ фаъолият дошта, дар оянда низ барои ташкили корхонаҳои нав захираву имкониятҳо фаровон аст.

Ҷонибҳо вобаста ба истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳои табиӣ, аз ҷумла офтоб ҳавасмандии худро изҳор доштанд.