21 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба амалисозии лоиҳаҳои наве, ки барои хоҷагии халқи вилоят заруранд, мубодилаи афкор намуданд.
Раиси вилоят аснои суҳбат таъкид кард, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои фаровон буда, бо ҷалби сармоя метавон лоиҳаҳоро дар бахшҳои мухталиф амалӣ намуд. Аз ҷумла, соҳаи саноат аз соҳаҳои афзалиятнок маҳсуб ёфта, бо назардошти аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи миллӣ эълон шудани саноатикунонии босуръат ҷалби сармоя барои ташкили корхонаҳои хурду бузург ба манфиат мебошад. Гуфта шуд, ки ҷонибҳо метавонанд барои ташкили корхонаҳои коркарди меваву сабзавот, пӯст, пахта, воридсозии технологияҳои нави замонавӣ ва бунёди гармхонаҳои инноватсионӣ ҳамкориҳои густардаро ба роҳ монанд.