
Тибқи дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров 16 октябри соли 2023 дар шаҳри Бӯстони Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии Комиссяи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бо роҳбарии С.С. Ятимов ва К.К. Ташиев баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот роҳбарони ҳайатҳо оид ба рафти иҷрои мувофиқаи ҷонибҳо вобаста ба тавсифи хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаҳои боқимонада изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ба гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ барои ҷоннок кардани кор ва ҳалли ҳамаи масъалаҳои наздимарзӣ дастурҳо дода шуд.



Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шугарф мулоқот намуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муовини директори генералии Корпоратсияи давлатии «Росатом» Николай Спасскийро ба ҳузур пазируфт.
02-юми октябри соли ҷорӣ дар вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи муштараки навбатии байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.
23 сентябри соли 2023 дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чинро ба ҳузур пазируфт.

