Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Панҷакент

5 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо фаъолони шаҳр мулоқот намуд.

Дар мулоқот вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр мавриди таҳлил қарор дода шуда, барои беҳтар намудани фаъолият ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум супоришҳо дода шуд. Тавре маълумот доданд, дар панҷ моҳи соли равон нақшаи буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) 108,1  фоиз иҷро гардида, ба буҷет 270 миллиону 226,4 ҳазор сомонӣ ворид шудааст. Иҷрои нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 107,3  фоиз таъмин гардида, ба ҷои 80 миллиону 58,3  ҳазор сомонии нақша, 85 миллиону 870,9 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба нақша 5 миллиону 812,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Тибқи иттилои раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар панҷ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Панҷакент ба 2 миллиарду 181 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 103,3 фоизро ташкил медиҳад.

Бо мақсади амалишавии яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – таъмини амнияти озуқаворӣ дар 5 моҳи соли равон ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 64 миллиону 222 сомониро ё 100,7 % -ро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 450 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар соҳаи растанипарварӣ 2,2 миллион сомонӣ, ки иҷроиш 101,9 фоиз ва чорводорӣ 62,2 миллион сомонӣ 100,7 фоизро ташкил медиҳад ё аз нақша 413,6 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Раиси вилоят бо таҳлили вазъи соҳаҳо дар назди роҳбарияти шаҳр барои иҷрои саривақтии супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои нақшаи андозҳо, фаъолсозии корхонаҳои бозистода, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли либоси мактабӣ, иҷрои нақшаи кишти зироатҳо, вусъати кишти такрорӣ, истифодаи самараноки замин, ҷамъоварии ҳосил, содироти маҳсулот, захираи кофии маводи хурока, омодагии ҳамаҷониба ба зимистонгузаронӣ, захираи маводи сўзишворӣ дар иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ вазифагузорӣ намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд