Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо фаъолони шаҳр мулоқот намуд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти роҳбари вилоят бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо идома дошта, дар назди масъулин ҷиҳати иҷрои нақшаву дурнамо ва тақвияти корҳои ободонию созандагӣ вазифагузорӣ карда мешавад.
Дар мулоқот ҳисоботи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода шунида шуд. Иттилоъ дода шуд, ки тибқи маълумоти оморӣ дар ҳудуди шаҳр 52 корхонаи истеҳсолии хурду калон фаъолият доранд.
Дар панҷ моҳи аввали соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 282 млн. 201,9 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 млн. 346,4 ҳазор сомонӣ ё 127,8 фоиз зиёд мебошад.
Бо назардошти саҳми муҳим доштани соҳаи кишоварзӣ дар рушди шаҳри Истаравшан, таваҷҷуҳи хоса барои мақсаднок ва самаранок истифода кардани замин зиёд гардида истодааст.
Дар панҷ моҳи аввали соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 73 млн. 368,7 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 млн. 118,1 ҳазор сомонӣ зиёд буда, мутаносибан 105,9 фоизро дарбар гирифт.
Кишоварзон дар майдони 18496,5 га кишти зироатҳоро гузарониданд, ки аз он 1960 га картошка мебошад.
Раиси вилоят бо таҳлили вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ барои иҷрои босифати нақшаи андозҳо, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои нав, ташкили ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, наздиҳавлигӣ, гирифтани ду-се ҳосил ва дар маҷмӯъ таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ ба роҳбарияти шаҳр ва дигар масъулон супоришҳо дод. Қайд карда шуд, ки имкониятҳо дар шаҳри Истаравшан фаровон буда, бо ҷалби соҳибкорон бояд ба ташкили корхонаҳои саноатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад.
Ҳамзамон дар шаҳру деҳот корҳои ободонию созандагӣ тақвият дода шуда, қишри ниёзманди ҷомеа ба ғамхорӣ фаро гирифта шавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд