Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкори ӯзбек Назирҷон Қодиров

Азназаргузаронӣ: 287

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода соҳибкор аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон Назирҷон Қодировро ба ҳузур пазируфт.

Раиси вилоят аснои суҳбат аз густариши робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни соҳибкорони тоҷику ӯзбек изҳори қаноатмандӣ карда, тақвияти ҳамкориҳоро натиҷаи сиёсати хирадмандонаи сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев арзёбӣ намуд.

Таъкид гардид, ки доираҳои тиҷоратии ду тараф дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла кишоварзӣ ҳамкориҳои мутақобилан судманд дошта, умед аст, ки дар оянда тарҳҳои муштаракро амалӣ созанд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо беш аз 1 миллион доллар сармояи соҳибкорони ӯзбек дар хоҷагии деҳқонии "Темурҷон"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гармхонаи замонавӣ сохта мешавад.

Ин хоҷагии деҳқонӣ соли 2014 таъсис ёфта, наздик 5 гектар заминро дар ихтиёр дорад.

Раиси вилоят аз ташаббуси неки тарафҳо изҳори хушнудӣ намуда, барои амалишавии лоиҳа тавсияҳо дод.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки соҳибкорони тоҷику ӯзбек дар оянда низ аз имкониятҳои мавҷуда барои боз ҳам рушд бахшидани ҳамкориҳо истифода мекунанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

1.jpg 2.jpg 3.jpg

4.jpg