Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Азназаргузаронӣ: 231

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқот намуд.

Тавре маълум аст,  рӯзи 18 июн Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ноҳияи Данғара бо фаъолон мулоқот карда, барои таъмини сатҳи некуаҳволии мардум ба масъулин супоришҳо дода буданд ва дар ин радиф роҳбари вилоят низ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо вохӯриҳо анҷом дода истодааст.    

Дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъкид карда шуд, ки  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварро таҳлилу баррасӣ намуда, ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.  Дар партави ин дастуру супоришҳо роҳбарият ва фаъолони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро низ зарур аст, ки бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда ҷиҳати таъмин намудани иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ, таъмини рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Махсусан, дар ноҳия бояд дар самти таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, пешгирӣ кардани болоравии нархҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муназзаму устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, бомаром амалӣ гардондани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дигар тадбирҳо масъулияти баланд ва муносибати ҷиддӣ зоҳир карда шаванд.

Зимни таҳлили вазъи соҳаҳо иттилоъ дода шуд, ки давоми 5 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия ба маблағи умумии 1,6 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 458,9 миллион сомонӣ зиёд буда, 138,7 фоизро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, дар соҳаи саноати ноҳия як қатор масъалаҳои ҳалталаб ҷой доранд, ки бе рафъи онҳо рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияро таъмин намудан душвор мебошад.  Вобаста ба ин ба мақсад мувофиқ аст, ки бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва шарикони рушд фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳия куллан ҷоннок карда шавад.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров масоҳати заминҳои корами обӣ 20220 гектар,   заминҳои корами лалмӣ 295 гектар, заминҳои наздиҳавлигӣ 8450 гектар, заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон 975 , заминҳои ҷангалу бешазор 2019 гектар буда, масъулин бояд барои истифодаи самараноки заминҳо, вусъати кишти такрорӣ, гирифтани ду-се ҳосил, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ  тадбирҳои мушаххас андешанд.

-Ҳар яки моро зарур аст, ки бобати амалӣ гардондани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кўшиш намоем ва соли равонро ба натиҷаҳои баланд ҷамъбаст намуда, ҷиҳати истиқболи шоистаи ҷашни   35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош варзем,-иброз дошт роҳбари вилоят.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

1.jpg 2.jpg 3.jpg

4.jpg 5.jpg 6.jpg

7.jpg 8.jpg 9-1.jpg

9-2.jpg 9-3.jpg 9-4.jpg

9-5.jpg