Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Спитамен

Азназаргузаронӣ: 227

21 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен бо фаъолони ноҳия мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҳисоботи раиси ноҳия Темурҷон Нуъмонзода оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар панҷ моҳи соли равон шунида шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра баҳри татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии мамлакат чораҳои зарурӣ андешида шуда, ба маблағи 219 миллиону 888 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст. Дар ноҳия корхонаҳои саноатии ҶДММ «Ҳимматшо», ҶДММ «Элегант», ки ба истеҳсоли регу шағал машғул мебошад, ба истифода дода шуда, корхонаи истеҳсоли шифери ҶДММ «Мавҷи Спитамен» бунёд гардид, ки рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.

Кишоварзони ноҳия барои истеҳсол ва парвариши маҳсулоти кишоварзӣ дар 11 692 гектар кишти баҳорӣ гузаронидаанд ва дар ҳамаи сохторҳои кишоварзӣ ба маблағи 69 миллиону 749 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид. Айни замон дар ноҳия дарави ғалла идома дошта, то имрӯз 10 ҳазору 53 тонна ғалла ҷамъоварӣ шуд.

Раиси вилоят бо таҳлили вазъи соҳаҳо барои таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия, захираи кофии маҳсулот, истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ, сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалладона, захира намудани маводи зарурии ғизоӣ аз ҷониби аҳолӣ барои ду сол, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, афзоиши кишти такрорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, гирифтани 3 – 4 ҳосил ва ба ин васила зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

1.jpg 2.jpg 3.jpg

4.jpg 5.jpg