Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Азназаргузаронӣ: 568

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода соҳибкор аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шоҳрух Холназаров ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат қайд карда шуд, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни ду давлат тавсеа ёфта, доираҳои соҳибкории ҳарду тараф тарҳҳои муштаракро амалӣ намуда истодаанд.

-Густариши ҳамкориҳои дуҷониба натиҷаи тадбирандешиҳои сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев буда, мо ҷонибдори онем, ки соҳибкорони тоҷику ӯзбек аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд. Зеро ҳанӯз имкониятҳои истифоданашуда хеле зиёд аст, - иброз дошт роҳбари вилоят.

Соҳибкорони ӯзбек аз нақшаву ниятҳои худ ёдовар шуда, омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо изҳор доштанд.

Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ва дурнамои ҳамкориҳо ба анҷом расид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

1.jpg 2.jpg 3.jpg