Раиси вилояти Суғд директори генералии ширкати "Хуавей" Ма Тянро ба ҳузур пазируфт

Азназаргузаронӣ: 546

Ширкати маъруфи "Хуавей"- и Ҷумҳурии мардумии Чин маҳсулоти худро дар Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2022" ба намоиш мегузорад. Дар ин бора зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва директори генералии ширкат Ма Тян иттилоъ дода шуд.

Дар суҳбат ҷонибҳо аз ҳамкориҳои самараноки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки ширкати "Хуавей" аз корхонаҳои маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳсулоти ин корхона дар ширкатҳои мобилӣ ва соҳаи алоқа ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

Ҷонибҳо доир ба рушди ҳамкориҳо ва воридсозиву истифодаи технологияҳои муосир мубодилаи афкор намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

1.jpg 2.jpg 3.jpg

4.jpg