Мулоқоти Раиси вилоят бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус Виктор Денисенко

Азназаргузаронӣ: 576

Таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус дар суҳбати самимии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мулоқоти ҷонибҳо имрӯз, 16 июн доир шуд ва ҷаноби сафир барои иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2022" ба Хуҷанд омад.

Раиси вилоят таъкид кард, ки муносибатҳои дӯстонаи сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко ба рушди муносибатҳои дуҷониба замина гузошта, дар доираи созишномаҳои давлатӣ ҳамкориҳо сол аз сол тақвият ёфта истодааст.

Солҳои охир вилояти Суғд бо вилоятҳои Минск ва Могилёви Ҷумҳурии Беларус ҳамкориҳоро густариш дода, ҳайати вилояти Суғд борҳо ба ин вилоятҳо сафар намудааст. Дар натиҷаи гуфтушунидҳо ва дидору вохӯриҳо соҳибкорони ду тараф тарҳҳои муштаракро амалӣ намуда истодаанд, ки ба манфиати ҳарду тараф аст. Аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси ҷонибҳо корхонаи истеҳсоли лифт ташкил карда шуд.

Таъкид гардид, ки ҳанӯз имкониятҳои истифоданашуда зиёд аст ва доираҳои тиҷоратии ду кишвар барои амалисозии лоиҳаҳои нав бояд иқдом намоянд.

Виктор Денисенко низ аз густариши робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни вилояти Суғд ва вилоятҳои Могилёв ва Минск изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро барои баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳо баён намуд.

Бояд гуфт, ки барои иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2022" гурӯҳи калони соҳибкорон аз Ҷумҳурии Беларус ба вилояти Суғд омаданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

1.jpg 2.jpg 3.jpg

4.jpg