Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Эмре Зекӣ Карагёл

Азназаргузаронӣ: 612

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл мулоқот намуд.

Дар мулоқоти ҷонибҳо таъкид гардид, ки бо сиёсати роҳбарони олии ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган мамлакатҳо муносибатҳои хуби дӯстона дошта, ҳамкориҳои минтақавӣ тавсеа ёфта истодааст. Моҳи майи соли равон гурӯҳи калони соҳибкорони тоҷик ба минтақаҳои Истанбул, Анталия ва Қайсарии Ҷумҳурии Туркия сафар карда, барои таҳкими муносибатҳо бо ҳамтоёни турки худ мулоқотҳои судманд анҷом додаву роҳҳои рушди ҳамкориҳоро баррасӣ карда буданд. Дар ҷавоб  ба сафари доираҳои тиҷоратии вилояти Суғд то имрӯз аллакай чанд гуруҳ соҳибкорони турк ба вилоят ташриф оварда, омодагии худро ҷиҳати тақвияти робитаҳо баён доштанд, ки гувоҳи равшани тавсеаи ҳамкориҳост.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми гардиши савдо миёни вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Туркия дар соли 2021 68 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, аз вилояти Суғд ба Туркия ба маблағи беш аз 29 миллион доллар маҳсулот содирот шудааст. Бо назардошти имкониятҳои мавҷуда ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот метавонад чандин маротиба зиёд карда шавад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари имрӯзаи Эмре Зекӣ Карагёл ва иштироки намояндагони доираҳои тиҷоратии Туркия дар Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2022" ба таҳкими муносибатҳои иқтисодии ду тараф хизмат мекунад.

Сафири Ҷумҳурии Туркия низ бо ёдоварӣ аз имкониятҳои мавҷуда дар самтҳои мухталиф омодагии худро барои вусъати ҳамкориҳо баён дошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

1.jpg 2.jpg 3.jpg

4.jpg