Мулоқоти Раиси вилоят бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскаров

16 июни соли 2022 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскаровро ба ҳузур пазируфт.

Раиси вилоят дар аснои суҳбат аз тавсеаи муносибатҳои дӯстона изҳори қаноатмандӣ карда, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 30 сол инҷониб муносибатҳои дипломатӣ доранд. Дӯстии халқҳои ду мамлакат бошад тӯли асрҳо шакл гирифта, таърихи дерина дорад.

Қайд карда шуд, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев ҳамкориҳо дар соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, саноату кишоварзӣ, сайёҳӣ, фарҳангиву гуманитарӣ дар ҳоли рушд қарор дорад.

Вобаста ба тавсеаву таҳкими муносибатҳо роҳбарони олии ду кишвар мулоқоту музокирот намуда, созишномаҳои дуҷонибаро ба имзо расонидаанд, ки дар асоси онҳо имрӯзҳо миёни минтақаҳои ду давлат низ ҳамкориҳо густариш ёфта истодааст. Аз ҷумла, миёни бародаршаҳрҳо — Хуҷанд ва Ганҷа равобити нек вуҷуд дошта, солҳои ахир ҷонибҳо бо истифода аз имкониятҳо барои тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун талош меварзанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскаров низ доир ба рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ изҳори назар карда, омодагии кишварашро барои тавсеаи муносибатҳо баён дошт.

Ёдовар мешавем, ки Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскаров бо мақсади иштирок дар  Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» ба вилоят ташриф овард ва айни замон дар шаҳри Хуҷанд қарор дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд