Мулоқоти Раиси вилоят бо Евгений Коренков ва намояндагони вилояти Липетски ФР

Азназаргузаронӣ: 356

16 июни соли 2022 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Евгений Коренков ва соҳибкорону намояндагони ширкатҳои сайёҳии вилояти Липетски ФР мулоқот намуд.

Раиси вилоят меҳмононро, ки бо мақсади иштирок дар Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» ба шаҳри Хуҷанд, омаданд, хайрамақдам гуфта, аз таҳкими муносибатҳои дӯстона изҳори қаноатмандӣ кард. Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Федератсияи Россия шарикони стратегӣ буда, дар доираи созишномаҳои давлатии дуҷониба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ сол ба сол ба густариш ёфта истодааст.

Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин рушди бемайлони муносибатҳо таъмин гардида, ду кишвари ба ҳам дӯст дар бахшҳои иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ҳамкориҳои судманд доранд.

Қайд карда шуд, ки дар партави сиёсати оқилонаи роҳбарони давлатҳо муносибатҳо миёни минтақаҳо низ дар ҳоли инкишоф буда, вилояти Суғд бо як қатор минтақаҳои ФР равобити хуб дорад. Иштироки доираи васеи намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҳам соҳибкорону тоҷирони ФР дар ярмаркаи байналмилалии савдо, ки дар Суғд ҳамасола доир мешавад, гувоҳи он аст, ки ҷонибҳо хостори тақвияти ҳамкориҳо ҳастанд.

Иттилоъ дода шуд, ки мубодилаи молу маҳсулот миёни вилояти Суғд ва минтақаҳои ФР дар соли 2021 ба 423,2 миллион доллар баробар гардид. Аз вилояти Суғд бошад ба маблағи 26,8 миллион доллар маҳсулот ба Россия содирот карда шуд.

-Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо минтақаҳои Федератсияи Россия минбаъд низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, омода аст дар бахшҳои мухталиф робитаҳоро мустаҳкам намояд,-илова кард Раҷаббой Аҳмадзода.

Меҳмонон бо изҳори хушнудӣ аз истиқболи самимӣ таъкид доштанд, ки доираҳои тиҷоратии ФР ҳамеша барои мустаҳкам намудани робитаҳо, аз ҷумла мубодилаи молу маҳсулот ва амалисозии тарҳҳои муштарак омода буда, дар доираи Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» бо соҳибкорони тоҷик роҳҳои рушди ҳамкориҳоро баррасӣ менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

1.jpg 2-1.jpg 2.jpg

3.jpg 4.jpg