Мулоқоти Раиси вилоят бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихон Турахонов

Азназаргузаронӣ: 303

16 июни соли 2022 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихон Турахоновро, ки ҷиҳати иштирок дар Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» ба вилоят ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот дурнамои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии мутақобилан судманди дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки дар замони муосир таҳкими муносибатҳо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба манфиати мамлакатҳо аст ва дар ин ҷода бояд аз тамоми имкониятҳо истифода бурд.

Ӯ ҳамзамон афзуд, ки бо сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим–Жомарт Токаев муносибатҳои ду давлати дӯст ва шарикони стратегӣ дар ҳоли рушд буда, вилояти Суғд ба Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамкориҳои хуби тиҷоратӣ дорад. Қазоқистон аз шарикони асосӣ дар мубодилаи молу маҳсулот аст ва соли 2021 ҳаҷми гардиши савдои вилояти Суғд бо ин кишвар 975,3 миллион сомониро ташкил додааст.

Раиси вилоят таъкид кард, ки дар вилояти Суғд ҳамасола садҳо ҳазор тонна меваҳои гуногун истеҳсол карда мешавад ва вилоят метавонад тибқи дархост мева ва консерваро ба Қазоқистон содирот намояд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихон Турахонов аз истиқболи гарм изҳори сипос намуда, қайд намуд, ки Қазоқистону Тоҷикистон кишварҳои дӯсту бародар ҳастанд ва барои рушди муносибатҳо таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир менамоянд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки Ямаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» имконияти хубе барои тақвияти ҳамокориҳои иқтисодии миёни Тоҷикистону Қазоқистон хоҳад буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

1.jpg 2.jpg 3.jpg

4.jpg