Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ширкати "Чолакоғлу груп"-и Ҷумҳурии Туркия

Азназаргузаронӣ: 320

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари ширкати "Чолакоғлу груп"-и Ҷумҳурии Туркия Акиф Чолакоғлуро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят суҳбат карда, дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.

Бояд гуфт, ки сафари соҳибкорони турк ба вилояти Суғд сафари ҷавобӣ буда, моҳи майи соли ҷорӣ зери роҳбарии Раиси вилоят соҳибкорони тоҷик ба Ҷумҳурии Туркия сафар намуда буданд.

Ҳамкориҳои мутақобилан судманди соҳибкорони тоҷик ва турк солҳо инҷониб идома дошта, самараи худро ба бор овардааст ва то имрӯз дар вилоят якчанд корхонаҳои саноатии муштарак фаъолият мекунанд. Аз ҷумла, ҶДММ "Фортуна-Ко" бо шарикони турк корхонаҳои саноатии "Силкоат бойя" ва "Арча мебел"-ро таъсис додаанд, ки имрӯзҳо фаъолияти пурсамар доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар идомаи ҳамкориҳои судманд соҳибкорони тоҷик якҷо бо соҳибкорони турк лоиҳаи навро амалӣ намуда, тасмим доранд, ки дар шаҳри Хуҷанд маҷмааи биноҳои истиқоматии замонавиро бунёд намоянд. Айни замон корҳо оғоз ёфта, дар назар аст, ки маҷмааи биноҳои баландошёнаи замонавӣ бо истифода аз технологияҳои муосири сохтмонӣ ва бо тамоми шароити зарурӣ сохта шавад. Маҷмаа дорои ҳавзҳои шиноварӣ, толори фитнес, ҳаммомҳои туркӣ, маркази савдою хизматрасонӣ, майдончаи варзишӣ барои кӯдакон, ҷойҳои махсуси истироҳатӣ, таваққуфгоҳ барои нақлиёт хоҳад шуд.

Ҷонибҳо аз густариши робитаҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда низ тарҳҳои муфиду муштаракро амалӣ менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

1.jpg 2.jpg 3.jpg

4.jpg