Мулоқоти Раиси вилоят бо ҳайати дастаи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод

9 июн Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод мулоқот намуд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки дар мамлакат барои рушди футбол шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда,  аз ҷониби  Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди футболи касбӣ диққати махсус зоҳир мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки клуби футболи «Равшан» аз дастаҳои навтаъсис ба шумор рафта, соли  2016 ташкил гардида дар  Лигаи дуюм баромад намудааст.Солхои 2020-2021 дар Лигаи якум иштирок намудааст, Соли 2021 дар  бозихои Лигаи якум ҷои дуюмро соҳиб шуда, ба Лигаи олӣ роҳхат гирифт ва айни замон бозингарони даста дар ин лига бозӣ мекунанд.

Раиси вилоят иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои дастгирии дастаҳои футболи вилоят аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд. Дар ин баробар роҳбарияти ноҳияро низ зарур аст, ки барои дастгирии ҳамаҷонибаи дастаи «Равшан» талош намуда, бо клуби футбол ҳамкории зич дошта бошад.

Ба масъулин дастур дода шуд, ки барои фароҳамсозии шароити мусоид ба бозингарони даста аз имкониятҳо пурсамар истифода намоянд.

 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд