Мулоқоти Раиси вилоят бо ҳайати соҳибкорони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Азназаргузаронӣ: 332

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуруҳи соҳибкорон аз вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро, ки бо роҳбарии муовини ҳокими вилояти Фарғона Алибек Турсунов ба вилоят омаданд, ба ҳузур пазируфт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро ба Суғди бостон хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки бо сиёсати пешгирифтаи сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳоли рушд аст. Аз ҷумла, миёни вилояти Суғд ва вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Фарғона ва Намангон, инчунин Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ санадҳо имзо гардида, дар доираи он ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст.

Такъид карда шуд, мубодилаи молу маҳсулот миёни минтақаҳои ду давлат сол аз сол зиёд гардида, аз вилояти Суғд нахи пахта, масолеҳи сохтмонӣ ва семент, маҳсулоти кишоварзӣ ва бисёр чизҳои дигар содирот гардида, аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон нуриҳои минералӣ, пойафзолу либос, масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти маишӣ ба вилоят ворид карда мешавад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари навбатии соҳибкорони вилояти Фарғона ва мулоқоту дидорҳояшон бо соҳибкорони вилояти Суғд ба рушди минбаъдаи равобит ва муносибатҳои иқтисодӣ хизмат мекунад.

Муовини ҳокими вилояти Фарғона Алибек Турсунов аз истиқболи самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки соҳибкорони вилояти Фарғона рӯзҳои 1-3 июн дар вилояти Суғд бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ шинос шуда, бо доираҳои соҳибкорӣ мулоқот мекунанд. Дар назар аст, ки пас аз боздиду шиносоиҳо ҷонибҳо барои амалисозии лоиҳаҳои муштарак тасмим бигиранд.

Ёдовар бояд шуд, ки меҳмонон давоми се рӯз аз як қатор корхонаҳои саноатии вилояти Суғд боздид намуда, бо соҳибкорони тоҷик мулоқот намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

1.jpg 2.jpg 3.jpg

4.jpg