Мулоқоти Раиси вилоят бо муассиси корхонаҳои саноатии "САТН" ва "Ҷавонӣ"

Азназаргузаронӣ: 439

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муассиси корхонаҳои саноатии "САТН" ва "Ҷавонӣ" Имерио Таккелларо ба ҳузур пазируфт.

Дар аснои суҳбат ҷонибҳо доир ба фаъолияти кунунии корхонаҳои саноатӣ ва дурнамои ҳамкориҳо мубодилаи афкор намуданд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, дар корхонаҳои "САТН" ва "Ҷавонӣ" сехҳои истеҳсолоти ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, рангуборкунӣ, минтақаҳои дарзмолкунӣ ва пардоздиҳӣ (коркарди матоъ, рангкунӣ) амал менамоянд. Дар корхонаҳо маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ ба монанди шиму нимшимаҳои мардона, занона ва бачагона истеҳсол мешаванд, ки аз 97 то 100 фоиз таркиби онҳоро пахта ташкил медиҳад. Маҳсулоти корхонаҳо дар асоси фармоиши мизоҷони аврупоӣ истеҳсол гашта, асосан ба давлатҳои Италия, Хорватия ва як миқдори муайян ба Федератсияи Россия содирот мегардад.​

Саҳми корхонаҳои муштарак дар ташаккули ҳаҷми маҳсулоти содиротшаванда назаррас буда, дар ин корхонаҳо садҳо нафар бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд. Аз ҷумла, дар корхонаи "САТН" 640 нафар кор мекунанд ва дар он дар як шабонарӯз 3,5 ҳазор ва дар як моҳ 75 ҳазор дона либос истеҳсол мешавад.

Ҷонибҳо ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда навъҳои гуногуни либосҳои кӯдакона истеҳсол карда шавад.

Меҳмонон аз истиқболи самимӣ изҳори  хушнудӣ намуда, омодагии худро барои таҳкими фаъолият баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

1.jpg 2.jpg 3.jpg

4.jpg 5.jpg 6.jpg

7.jpg 8.jpg