Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар вилояти Қайсарии Туркия бо роҳбари Минтақаи саноатии Қайсарӣ Юнус Имомоғлу мулоқот кард.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши равобити тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақим миёни бахши хусусии ду тараф мубодилаи афкор намуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба доираҳои соҳибкории вилояти Қайсарӣ роҷеъ ба имконоту зарфиятҳои вилояти Суғд маълумот дода, аз тоҷирони ин вилоят даъват кард, ки ба вилояти Суғд ташриф оранд.
Юнус Имомоғлу меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки талош мекунанд ҳамкориҳоро бо назардошти манфиатҳои ҳарду тараф густариш диҳанд.
Ҷонибҳо ҳамзамон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, изҳори боварӣ намуданд, ки ин ҳуҷҷат барои тақвияти равобити иқтисодӣ замина хоҳад гузошт.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд