Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо муассиси ширкати «Зулол-текстил» Фират Денис мулоқот намуд.
Аснои суҳбат роҳбари вилоят вобаста ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят, захираву имкониятҳои мавҷуда дар самти ташкили корхонаҳои муштарак ва ба роҳ мондани коркарди пахта маълумот дод. Қайд карда шуд, ки дар Тоҷикистон барои рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, саноатикунонии мамлакат ҳадафи стратегӣ эълон шудааст. Бо назардошти ин, барои рушди соҳа фазои мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, даҳҳо корхонаҳои муштарак фаъолияти назаррас доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки ширкати «Зулол-текстил» бо сармоягузории соҳибкорони турк дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолият дошта, муассисони ширкат тасмим доранд, ки бо доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ҳамкориҳоро ба роҳ монанд.
Меҳмонон зимни сафар бо фаъолияти як қатор корхонаҳои вилоят шинос шуда, дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд ва умед аст, ки оянда наздик бо тарҳрезии лоиҳаҳо корхонаи нави муштарак бунёд карда шавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд