Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов

21 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба амалисозии лоиҳаҳои наве, ки барои хоҷагии халқи вилоят заруранд, мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят аснои суҳбат таъкид кард, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои фаровон буда, бо ҷалби сармоя метавон лоиҳаҳоро дар бахшҳои мухталиф амалӣ намуд. Аз ҷумла, соҳаи саноат аз соҳаҳои афзалиятнок маҳсуб ёфта, бо назардошти аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи миллӣ эълон шудани саноатикунонии босуръат ҷалби сармоя барои ташкили корхонаҳои хурду бузург ба манфиат мебошад. Гуфта шуд, ки ҷонибҳо метавонанд барои ташкили корхонаҳои коркарди меваву сабзавот, пӯст, пахта, воридсозии технологияҳои нави замонавӣ ва бунёди гармхонаҳои инноватсионӣ ҳамкориҳои густардаро ба роҳ монанд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз нақши ташкилот дар рушди соҳаҳои гуногун, аз ҷумла таъмини минтақаҳои гуногун бо оби полезиву нӯшокӣ ёдоварӣ кард ва барои идомабахшии чунин лоиҳаҳои судманд пешниҳодҳои худро ироа намуд.

Қозидавлат Қоимдодов дар суҳбат бо роҳбари вилоят иброз дошт, ки Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон дорои беш аз даҳ хадамоти гуногун аст ва дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, тиббу маориф бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамкориҳои судманд дорад. Ташкилот якҷо ба ниҳодҳои давлатии вилояти Суғд ҷиҳати таъмин намудани бархе минтақаҳо бо оби нӯшокӣ ва полезӣ, пешниҳоди қарзҳои гуногун тавассути «Аввалин бонки молиявии хурд», ташкили курсҳои махсус барои забономӯзӣ саҳм гузошта истодааст. Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон инчунин тасмим дорад, ки дар вилоят гармхонаҳои гидропоникӣ бунёд намуда, ба ин васила дар таъмини амнияти озуқаворӣ низ кӯмаки амалии худро расонад.

Намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов ҳамзамон иттилоъ дод, ки аз ҷониби ташкилот барномаи миёнамуҳлат барои даҳ сол таҳия мегардад ва вилояти Суғд низ метавонад номгӯи тарҳҳои муҳими иҷтимоиро барои дарёфти сармоягузорӣ пешниҳод намояд.

Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии нақша ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба охир расид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд