Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ мулоқот намуд. 

Дар мулоқот ҷонибҳо аз сатҳу сифати робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанба изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи ҳадафҳои созанда баён доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд рушди самтҳои муҳимми иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика ва ҳифзи муҳити зист таъмин гардида истодааст. Ӯ афзуд, ки ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, яке аз самтҳои муҳими фаъолият ба ҳисоб меравад.

Зикр гардид, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои об то ба имрӯз натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст. Дар ҷараёни мулоқот намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз имконияту зарфиятҳои иқтисодии вилояти Суғд, аз ҷумла дар бахшҳои кишоварзӣ ва энергетика иттилои муфассал дарёфт карданд.

Раиси вилоят бо ишора ба зарурати таҷдиду навсозии пойгоҳҳои обкашии вилоят иброз дошт, ки татбиқи лоиҳаҳо дар ин самт метавонад садҳо гектар заминҳои нави обёриро ба гардиши кишоварзӣ ворид намояд ва таъминоти оби полезиро беҳтар гардонад. Ҳамзамон, татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика, аз ҷумла насби панелҳои офтобӣ ва рушди истеҳсоли “энергияи сабз”, ба манфиати иқтисодиёти минтақавӣ арзёбӣ гардид.

Раҷаб Аҳмадзода изҳори боварӣ намуд, ки сафари намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ба вилояти Суғд ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷабҳа мусоидат хоҳад кард.

Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Эдуардс Стипрайс барои истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуда, афзуд, ки Иттиҳоди Аврупо омода аст ҳамкориҳоро дар самтҳои идоракунии захираҳои об, энергетикаи сабз ва ҳифзи муҳити зист густариш диҳад.

Таъкид шуд, ки дар вилояти Суғд бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд як қатор лоиҳаҳои муҳим амалӣ гардида, тадбирҳои судманд барои рушди ҳамачонибаи иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум роҳандозӣ шудаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд