
Имрӯз Раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода бо ноиби якуми Президенти Федератсияи камонварии Осиё, раиси Кумитаи рушди варзиши камонварии Осиё Қозӣ Разибуддин Аҳмад Чапал ва директори иҷроияи Федератсияи камонварии Осиё, Президенти Федератсияи камонварии Ироқ Саад Ал-Машҳадонӣ мулоқот намуд.
Меҳмонон бо мақсади иштирок, назорату ҳакамии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф овардаанд.
Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби ҷавонон ба варзиш ва рушди намудҳои гуногуни он, аз ҷумла камонварӣ, тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Зикр гардид, ки варзиши камонварӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд рушд карда, садҳо нафар наврасону ҷавонон ба ин навъи варзиш ҷалб шудаанд. Бо мақсади рушди ин намуди варзиш бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят «Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намуди камонварӣ» мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ҷавонону наврасон дар он машқу тамрин мекунанд.
Баргузории сеюмин мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бо иштироки беҳтарин камонварон аз кишварҳои гуногун аз рӯйи ин намуди варзиш, аз рӯйдодҳои фараҳбахш дар соҳаи варзиши кишвар маҳсуб меёбад.
Ноиби якуми Президенти Федератсияи камонварии Осиё, раиси Кумитаи рушди варзиши камонварии Осиё Қозӣ Разибуддин Аҳмад Чапал ва директори иҷроияи Федератсияи камонварии Осиё, Президенти Федератсияи камонварии Ироқ Саад Ал-Машҳадонӣ изҳор доштанд, ки бори аввал ба Тоҷикистон омада, бо чашми худ эҳсос намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи варзиш ва дастгирии ҷавонони варзишгар таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.
Онҳо таъкид карданд, ки толору майдонҳои варзишӣ ва иншооти муосири камонварӣ дар Тоҷикистон, бахусус дар вилояти Суғд, ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ мебошад.
Дар охир ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҳамкории минбаъда ва баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонии камонвариро дар «Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намуди камонварӣ»-и вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор доданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




