Мулоқоти Раиси вилоят бо директори корхонаи муштараки "Зарафшон"

Азназаргузаронӣ: 1073

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори корхонаи муштараки "Зарафшон" Жан Яоминро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба афзун намудани ҳаҷми истесҳсоли маҳсулот, бунёди корхонаи иловагии металлургӣ, иҷрои удадориҳои корхона ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят дар оғози мулоқот аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, иброз дошт, ки бо назардошти ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудани саноатикунонии босуръати мамлакат ба рушди соҳаи саноат ва ташкили корхонаҳои нав таваҷҷуҳи зарурӣ равона гардида истодааст. Нақши корхонаи муштараки «Зарафшон» дар рушди хоҷагии халқи шаҳри Панҷакент назаррас буда, инчунин бо саҳмгузории корхона иншооти гуногуни иҷтимоӣ бунёд карда мешавад.

Директори корхонаи муштараки "Зарафшон" иттилоъ дод, ки дар корхонаи муштарак наздик 3000 нафар бо ҷойи корӣ ва маоши хуб таъмин буда, корҳо дар самти бунёди корхонаи нави металлургӣ идома дорад. Дар назар аст, ки таҷҳизоти замонавии истеҳсоли кишварҳои пешрафта ворид карда шуда, то охири соли 2023 корхонаи нав пурра ба истифода омода гардад.

Раиси вилоят таъкид кард, ки бояд иқтидор ва имконоти мавҷуда самаранок истифода бурда шуда, давра ба давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд ва барои коргарони корхона шароити беҳтарин муҳайё карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

1.jpg 2.jpg 3.jpg