Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо сардухтури Маркази федералии ҷарроҳии асаби шаҳри Тюмени Русия

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода сардухтури Маркази федералии ҷарроҳии асаби шаҳри Тюмени Федератсияи Русия Алберт Суфианов ва ҳайати ҳамроҳони ӯро ба ҳузур пазируфт. Мақсади мулоқот таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ, ҷорӣ намудани усулҳои навини ташхису табобати бемориҳои асаб, истифодаи таҷҳизоти муосири тиббӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи мутахассисони соҳаи тандурустии вилоят мебошад.

Раҷаб Аҳмадзода дар оғози суҳбат меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки рушди ҳамкориҳо натиҷаи сиёсати оқилона ва дӯстонаи сарони ду давлат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мебошад. Ба гуфтаи роҳбари вилоят, имрӯз робитаҳои байни Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла тандурустӣ тавсеа ёфта истодааст. 

Алберт Суфианов дар навбати худ аз пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, омодагии Маркази федералии ҷарроҳии асаби шаҳри Тюменро барои густариши ҳамкорӣ бо муассисаҳои тиббии вилояти Суғд таъкид кард. Ӯ зикр намуд, ки маркази мазкур яке аз муассисаҳои пешрафтаи ҷаҳон дар соҳаи ҷарроҳии асаб ба шумор рафта, бо навтарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз мебошад ва беҳтарин мутахассисони соҳа дар он фаъолият доранд. Дар марказ ҷарроҳиҳои мураккаби мағзи сар ва сутунмӯҳра бе буриши ҷарроҳӣ анҷом дода мешаванд, ки ин равиш имконият медиҳад ба беморон ёрии тиббии босифат расонида шавад.

Раҷаб Аҳмадзода аз густариши ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, пешниҳод кард, ки филиали Маркази федералии ҷарроҳии асаби шаҳри Тюмен дар вилояти Суғд боз карда шавад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба ва роҳандозии барномаҳои муштарак барои беҳтарсозии хизматрасонии тиббӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд