
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе мулоқот намуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат доир ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят маълумот дода, изҳор дошт, ки бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам ҳамкории судманд дорад.
Илова карда шуд, ки чунин ҳамкорӣ бо ниҳодҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид низ ба роҳ монда шудааст ва саҳми ин ниҳоди байналмилалӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун назаррас аст.
Ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ба таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ ҷиҳати таъмини рушди устувор баён намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




