Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Жиҷунро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки бо сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвар — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин робитаҳои дуҷониба сол ба сол рушд мекунанд.

Раҷаб Аҳмадзода иттилоъ дод, ки дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот миёни вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба 600 миллион доллари ИМА расидааст. 

Таъкид шуд, ки дар вилоят як қатор корхонаҳои муштараки Тоҷикистон ва Чин фаъолият доранд ва дар пешрафти иқтисоди минтақа саҳми назаррас мегузоранд.

Роҳбари вилоят вобаста ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ маълумот дода, изҳор дошт, ки вилояти Суғд омода аст барои ташкили корхонаҳои нави саноатӣ, инчунин рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ, маориф ва тандурустӣ тадбирҳои муштаракро амалӣ созад.

Сафири Чин низ аз сатҳи баланди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии ҷонибашро барои тақвияти муносибатҳо ва татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак таъкид намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд