
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мулоқоти Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода бо роҳбарияти корпоратсияи “ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ”, ки роҳбарии онро Хуан Бо ба уҳда дорад, баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи саноат, бахусус саноати кӯҳӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, беҳтарсозии шароити кору зиндагии кормандон ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ мубодилаи афкор намуданд.
Раиси вилоят таъкид дошт, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар вилояти Суғд корхонаҳои нави саноатӣ пайваста мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Натиҷаи ин тадбирҳои мақсаднок буд, ки моҳи июли соли равон марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ” ба фаъолият оғоз намуд. Самти асосии фаъолияти корхона истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, аз ҷумла коркарди консентрати тилло мебошад.
Корхона дар масоҳати 6 ҳазору 500 метри мураббаъ бунёд гардида, иқтидори истеҳсол ва коркарди консентрати тилло 4 ҳазору 500 тоннаро дар як шабонарӯз дар бар мегирад. Дар коргоҳ ҳуҷраи махсуси назоратӣ фаъолият мекунад ва раванди истеҳсолот ба таври автоматикӣ идора мешаванд.
Бо ба истифода додани ин коргоҳ 300 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд, ки ин барои болоравии сатҳи иҷтимоиву иқтисодии минтақа нақши назаррас мебозад.
Раиси вилоят ба роҳбарияти корпоратсия тавсия дод, ки барои истифодаи босамари захираҳои табиӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ ва беҳтар намудани шароити кормандон тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Хуан Бо барои дастгириву ҳамкории судманд ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки корпоратсия минбаъд низ ҳамаи уҳдадориҳои худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, дар рушди соҳаи саноати кӯҳӣ саҳми арзанда мегузорад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ ва нақшаҳои минбаъдаи рушду тавсеаи фаъолияти корхонаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




