
Имрӯз, 1 август мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо Вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев ва Вазири хоҷагии об ва ирригатсияи Ҷумҳурии Қазоқистон Нурҷон Нурҷигитов баргузор гардид. Дар ин мулоқот, ки ба масоили муҳими ҳамкории минтақавӣ дар истифодаи оқилонаи захира ва манбаъҳои обӣ бахшида шуд, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа низ иштирок дошт.
Раиси вилоят зимни суханронӣ меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки бо сиёсати хирадмандонаву дӯстонаи сарони се кишвар – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев имрӯз миёни кишварҳо муносибатҳои шарикии мутақобилан судманд дар ҳама самтҳо, аз ҷумла идоракунии захираҳои обӣ, рӯ ба густариш доранд.
Дар мулоқот таваҷҷуҳи махсус ба истифодаи оқилона ва самараноки манбаъҳои обии муштарак равона гардид. Таъкид шуд, ки манбаъҳои обӣ барои кишварҳои дӯсту ҳамҷавор – Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қазоқистон аҳамияти стратегӣ дошта, таъмини саривақтии оби полезӣ ба хоҷагиҳои минтақа ба нафъи умум арзёбӣ мегардад.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои истифодаи самараноки захираҳои обӣ, хусусан дар мавсими киштукор, тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ шуда, мубодилаи маълумот миёни зерсохторҳои соҳавӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳо дар сатҳи минтақавӣ таҳким дода шаванд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки мушкилоти пешомада сари вақт бартараф гардида, дастрасии кишоварзон ба оби полезӣ таъмин шавад.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар доираи сафари кории ҳайати расмӣ ба вилояти Суғд, ҷаласаи кории муштарак бо иштироки вазирони хоҷагии оби Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон баргузор мегардад, ки дар он масъалаҳои муҳим ва ҳамкории оянда мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор хоҳанд гирифт.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




