Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода

21 июл дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода баргузор гардид. 

Дар машварат роҳбари вилоят доир ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 17 июл дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баён гардида буд, дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд.

Ба масъулин ҳамзамон ҷиҳати дар зеҳну шуури шаҳрвандон, хусусан, ҷавонон тарбия кардани ғояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, пешгирии хурофотпарастӣ ва ҷинояткорӣ супоришҳо дода шуд. Зарур шуморида шуд, ки сохторҳо фаъолияти тарғиботиву ташвиқотиро дар деҳот ва маҳалҳои зисти аҳолӣ ба таври доимӣ ба роҳ монда, дар самти густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус, наврасону ҷавонон тақвият корҳоро бахшанд.

Дар машварат инчунин барои таъмини рушди соҳаи саноат, истифодаи самараноки обу замин, захираи маҳсулоти озуқаворӣ барои зимистон, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, таъмиру мумфаршсозии роҳҳо, омодагӣ ба соли нави хониш, таъмини хонандагон бо либосҳои мактабӣ, ба роҳ мондани омӯзиши пешаздаъватӣ, иҷрои нақшаи андозҳо, гузаронидани кишти такрорӣ, бунёди мактабу кӯдакистонҳо, майдончаҳои варзишӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ба сохторҳои марбута супоришҳо дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд