Дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии савдо “Суғд–2025” Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҳайати расмии вилояти Рязани Федератсияи Россияро ба ҳузур пазируфт.
Ҳайати вилояти Рязан бо мақсади иштирок дар чорабинии мазкур ба вилояти Суғд ташриф оварда, зимни мулоқот бо роҳбарияти вилоят атрофи таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд табодули афкор намуданд.
Ҷонибҳо масоили марбут ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти минтақа, таъсиси корхонаҳои муштарак, инчунин коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили мева, сабзавот, пахта ва чармро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Меҳмонон ба сатҳи ташкилии Намоишгоҳи байналмилалии савдо “Суғд–2025” баҳои баланд дода, иштироки фаъолонаи вилоятҳо ва ширкатҳои ватаниву хориҷиро далели равобити қавии иқтисодӣ ва мароқи бештари шарикони хориҷӣ ба имкониятҳои Суғд арзёбӣ карданд.
Таъкид шуд, ки мулоқотҳои сатҳи баланд ва баргузории чунин чорабиниҳои тиҷоратӣ заминаи мусоид барои густариши ҳамкориҳо байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба шумор мераванд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд