Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон

Соли ёздаҳум аст, ки дар вилояти Суғд Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд – 2025» баргузор мегардад. Дар доираи баргузории ин чорабинии муҳими иқтисодӣ намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва соҳибкорони дохиливу хориҷӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар ҳошияи ярмаркаи байналмилалӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскаровро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, атрофи роҳҳои тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ мубодилаи афкор намуданд. 

Таъкид шуд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев ду кишвар дар самтҳои мухталиф ҳамкории самаранок доранд.

Имрӯз вилояти Суғд ҳамчун водии имкониятҳо бо як қатор давлатҳои хориҷии дуру наздик муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, бо Ҷумҳурии Озарбойҷон мубодилаи молу маҳсулот сол то сол афзоиш ёфта, дар ҳамкорӣ лоиҳаҳои хурду бузурги муштарак амалӣ мегарданд. 

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисод, илм, маориф ва фарҳанг, аз ҷумла ташкили рӯзҳои фарҳангӣ, баён намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд