Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо муовини Раиси вилояти Хатлон

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода муовини Раиси вилояти Хатлон Амирхон Қурбонзодаро ба ҳузур пазируфт

Ҷонибҳо зимни суҳбат доир ба масоили таъмини рушди соҳаҳо, дастгирии бахши хусусӣ, ҷалби соҳибкорони минтақаҳои мухталиф ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак ибрози назар намуданд.

Раиси вилоят зикр кард, ки бо сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат рушди устувори ҳамаи бахшҳо таъмин гардида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба беҳбудии сатҳи зиндагии мардум таъсири мусбат мерасонад.

Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд–2025", ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ташкил шудааст, барои пешбурди бахши хусусӣ, пайдо намудани шарикони хориҷӣ ва афзоиши содирот мусоидат хоҳад кард.

Муовини Раиси вилояти Хатлон баргузории ин ярмаркаро муҳим арзёбӣ намуд. Дар ярмаркаи имсола аз вилояти Хатлон беш аз 25 нафар соҳибкорони пешқадам иштирок доранд, ки омодагии худро барои ҳамкорӣ бо шарикони худ аз вилояти Суғд ва кишварҳои хориҷӣ баён намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд