13 июн Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода бо ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, инчунин Сайвалӣ Дониёрзода мулоқот намуд.
Дар мулоқот асосан мавзуъҳои асосии рушди футбол дар вилоят мавриди тавваҷуҳ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки барои муҷаҳҳаз намудани варзишгоҳҳо ва мутобиқати онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ корбарӣ идома дошта, барои бозии дастаҳои футбол шароити мусоид фароҳам оварда хоҳад шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд