Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарварро ба ҳузур пазируфт.
Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон бо мақсади иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд–2025» ба вилояти Суғд ташриф овардааст.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкими робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, афзоиши табодули молу маҳсулот, густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилояти Суғд мубодилаи афкор намуданд.
Раиси вилоят иброз дошт, ки вилояти Суғд бо дарназардошти имкониятҳои васеи саноативу истеҳсолӣ, мавқеи ҷуғрофии мусоид ва захираҳои меҳнатии фаровон омода аст, ки бо доираҳои соҳибкориву сармоягузории Покистон ҳамкориҳои мутақобилан судмандро роҳандозӣ намояд.
Ҷонибҳо ҳамчунин аҳамияти вусъат бахшидани равобити байниминтақавиро таъкид намуда, изҳор доштанд, ки тавассути баргузории чорабиниҳои муштарак, аз қабили ярмаркаҳои тиҷоратӣ ва форумҳои сармоягузорӣ, метавонанд заминаҳои нав барои рушди ҳамкориҳо эҷод намоянд.
Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Саид Сарвар ба раҳбарияти вилояти Суғд барои даъват ва пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, омодагии кишварашро ҷиҳати густариши муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ таъкид намуд.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки натиҷаҳои Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд–2025» ба таҳкими робитаҳои иқтисодии ду кишвар такони тоза хоҳад бахшид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд