Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Турехановро ба ҳузур пазируфт.

Сафири Қазоқистон бо мақсади иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд–2025» ба вилояти Суғд ташриф овард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва густариши равобити дӯстона миёни Тоҷикистону Қазоқистон мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, махсусан дар сатҳи байниминтақавӣ, изҳори омодагӣ карданд.

Раиси вилоят иброз дошт, ки таҳти раҳнамоии сарони ҳар ду кишвар — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев робитаҳои Тоҷикистону Қазоқистон рӯ ба рушд буда, ҷонибҳо ҳамчун ҳамсоягони нек ва шарикони стратегӣ дар самтҳои гуногун ҳамкории зич доранд.

Маврид ба зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор гардида, дар тӯли ин солҳо равобити бародаронаи байни халқҳо, ки бар пояи анъанаҳо, арзишҳои муштарак ва эътимоди мутақобила асос ёфтааст, устувор гардидааст.

Раиси вилояти Суғд афзуд, ки вилоят омода аст робитаҳои худро бо вилоятҳо ва минтақаҳои Қазоқистон дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, савдо, сайёҳӣ ва сармоягузорӣ густариш диҳад ва ба ширкату сармоягузорони қазоқӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак шароити мусоид фароҳам оварад.

Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон Валихан Туреханов таъкид кард, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон шарикони боэътимод ва стратегӣ буда, Қазоқистон манфиатдор аст, ки робитаҳои байниминтақавӣ, махсусан бо вилояти Суғд, дар заминаи эҳтирому манфиатҳои муштарак боз ҳам тақвият ёбанд.

Ҷонибҳо изҳори умедворӣ карданд, ки баргузории Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд–2025» ба густариши ҳамкориҳо ва амалӣ гардидани ташаббусҳои нав такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд