
27 майи соли 2025 Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо Раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус Алексей Кушнаренко мулоқот намуд.
Дар оғози вохӯрӣ Раиси вилоят меҳмононро самимона ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, изҳори умед намуд, ки ин сафар ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни вилоятҳои Суғду Минск такони тоза мебахшад.
Зимни мулоқот Раиси вилоят таъкид намуд, ки робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории самарабахш миёни Тоҷикистону Беларус, бахусус вилоятҳои ин ду кишвари дӯст сол то сол тақвият меёбанд ва таҳкими онҳо самараи сиёсати хирадмандонаи сарони ду кишвар — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко мебошад.
Раиси вилоят баён дошт, ки ҳамкориҳои минтақавӣ дар доираи муносибатҳои стратегии Тоҷикистону Беларус ҷойгоҳи муҳиме дошта, вилояти Суғд ба муносибатҳои мутақобилан судманд бо вилоятҳои Минск, Могилёв ва Витебск арҷ мегузорад. Дар ин самт чандин созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд ва дар бахшҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву техникӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо татбиқ мегарданд.
Зикр гардид, ки дар соли 2024 ҳаҷми гардиши мол миёни вилояти Суғд ва минтақаҳои Беларус 51,7 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Ин нишондод метавонад бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда дар солҳои минбаъда боз ҳам афзоиш ёбад.
Раҷаб Аҳмадзода инчунин имконияту захираҳои иқтисодии вилояти Суғдро муаррифӣ намуда, изҳор дошт, ки вилоят чун “Водии имкониятҳо” шинохта шудааст. Дар вилоят саноати кӯҳӣ, металлургия, мошинсозӣ, нассоҷӣ, сабук, озуқа ва масолеҳи сохтмон рушду нумуъ ёфтааст.
Ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун мубодилаи афкор намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




