Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Имрӯз мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) баргузор гардид.

Ҷонибҳо дар рафти суҳбат масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси вилоят нахуст меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, доир ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва дурнамои рушд маълумоти муфассал ироа намуд. Таъкид шуд, ки ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва пуштибониҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вилояти Суғд рушд ёфта, дар самтҳои мухталиф лоиҳаҳои муҳими давлатӣ ва байналмилалӣ татбиқ мегарданд.

Зикр гардид, ки афзоиши солонаи аҳолӣ дар вилоят то ба 2,5 фоиз мерасад. Бо назардошти ин, иқдомҳо ҷиҳати фаъолсозии корхонаҳои истеҳсолӣ, истифодаи самараноки заминҳои корам ва фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳадафи асосии онҳо коҳиши муҳоҷират ва таъмини зиндагии шоиста ба сокинон мебошад.

Айни замон бо дастгирии шарикони рушд, аз ҷумла БАТР, дар вилоят даҳҳо лоиҳа амалӣ гардида истодааст. Аз ҷумла, татбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд" ва харидории электробусҳо ҳамчун қадами муҳим баҳри беҳсозии муҳити зист ва рафъи мушкилоти нақлиётӣ арзёбӣ шуд. Барои иҷрои пурраи лоиҳа дастрасии саривақтии маблағ ва хариди шумораи зарурии воситаҳои нақлиёти барқӣ зарур дониста шуд.

Намояндагони БАТР омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ ва дастгирии лоиҳаҳои нав изҳор доштанд. Онҳо таъкид карданд, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи мақомоти маҳаллӣ, ки ба рушди устувор ва беҳбуди зиндагии мардум равона шудаанд, ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор доранд.

Дар ҷараёни муаррифии Консепсияи рушди ҳаракати ҳамгирошудаи шаҳрҳо дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он, масъалаҳои сармоягузорӣ ба инфрасохтори нақлиётӣ, дастгирии иқтисоди шаҳр ва беҳтарсозии шароити зист мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин раванд ба татбиқи лоиҳаҳо дар шаҳраки Сайҳун ва муҳайё намудани инфрасохтори муосир барои зиндагии сокинон низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Ҳадафи асосии ин лоиҳаҳо рушди иқтисодии минтақа, таъмини аҳолӣ бо манзил, ҳифзи заминҳои кишоварзӣ, ташкили инфрасохтори мукаммал ва эҷоди ҷомеаи устувору амн мебошад.

Дар доираи ҷаласаи муштарак доир ба самтҳои мухталифи ҳамкорӣ ва татбиқи муштараки лоиҳаҳо муболилаи афкор сурат гирифт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд