
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шугарф ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкории судманди Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Ҷумҳурии Франсия изҳори қаноатмандӣ намуданд. Гуфта шуд, ки дар доираи сиёсати дурнигаронаи сарони кишварҳо зарфиятҳои мавҷудаи соҳаҳои саноату энергетика, кишоварзӣ, илму маориф, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои муҳим мақсаднок истифода гардида, ҳамкориҳо тақвият бахшида мешаванд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба рушди соҳаи саноат, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва имкониятҳои соҳа, соҳаи кишоварзӣ, бахши сайёҳӣ ба меҳмонон маълумоти муфассал дод.
Таъкид гардид, ки соҳибкорону сармоягузорон аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Ҷумҳурии Франсия метавонанд дар амалӣ шудани лоиҳаҳо ва нақшаҳои созанда саҳми муносиб гузоранд. Зеро дар вилояти Суғд фазои муносиби сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, бунёди корхонаҳои муштарак бо истифода аз таҷрибаҳои пешрафта ва технологияи навтарин ба нафъи ҷонибҳо хоҳад буд.
Дар рафти мулоқот масъалаи тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф низ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва роҳбари вилоят омодагии худро барои густариши равобити илмӣ изҳор дошт.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шугарф ва Сафири Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл аз пазироии гарму самимӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, доир ба нақшаҳои минбаъда маълумот доданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо таваҷҷуҳи тарафайн самараи ҳамкориҳо дар оянда бештар ва муносиботи дӯстӣ мустаҳкамтар мегардад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




