Мулоқот бо ҳайати вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Дар меҳмонхонаи "Суғдиён"-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. 

Дар мулоқот таъкид гардид, ки бо сиёсати оқилонаи сарони давлатҳо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкорӣ миёни минтақаҳои ду давлат тавсеа ёфта, муболилаи молу маҳсулот зиёд гардида истодааст. 

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни вилояти Суғд ва минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон 350 миллион доллари ИМА-ро ташкил карда, захираву имкониятҳо барои зиёд намудани табодули маҳсулот ҳанӯз фаровон аст. 

Раиси вилоят ба меҳмонон доир ба вазъи иқтисодии вилоят маълумот дода, илова намуд, ки ҷонибҳо метавонанд дар бахшҳои мухталиф ҳамкориро тақвият бахшанд. Аз ҷумла, дар соҳаи кишоварзӣ, махсусан кишту истеҳсоли пахта истифодаи таҷрибаи ҳамдигар ба манфиати кор арзёбӣ карда шуд. 

Тарафҳо инчунин вобаста ба истифодаи тухмиҳои серҳосил, техникаҳои нав дар кишту парвариш ва ҷамъоварии пахта муболилаи афкор намуда, дурнамои ҳамкорӣ дар ин самтро баррасӣ карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд