Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори минтақавии ширкати "Рowerchina Hebei engineering corporation Iimited" Ху Сяоянро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳо дар самти бунёди маркази гармидиҳӣ, панелҳои офтобӣ ва корхонаи коркарди партовро баррасӣ намуданд.
Раиси вилояти Суғд аснои мулоқот иброз дошт, ки бо шарофтаи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкориҳо дар ҳамаи самту соҳаҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар натиҷа ширкатҳои муштарак дар вилояти Суғд фаъолияти босамарро ба роҳ монда, дар амалӣ шудани ҳадафҳои созанда саҳм мегузоранд.
Гуфта шуд, ки бунёди маркази гармидиҳӣ, панелҳои офтобӣ ва корхонаи коркарди партов ба нафъи ҷонибҳо буда, дар сурати амалӣ шудани лоиҳаҳо дар навбати аввал дар шаҳри Хуҷанд, дар оянда дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ чунин лоиҳаҳо татбиқ карда мешавад. Дар сурати бунёди маркази гармидӣ бо истифода аз технологияи нав дар шаҳри Хуҷанд биноҳои баландошёна, муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, корхонаву муассисаҳо дар фасли сармо бо гармӣ таъмин карда мешаванд. Ҳамзамон, бо назардошти кишвари офтобрӯя будани мамлакат истифодаи панелҳои офтобӣ ба манфиати кор дониста шуд.
Дар мулоқот ба масъалаи татбиқи лоиҳа дар самти бунёди корхонаи коркарди партов низ таваҷҷуҳ равона гардид. Роҳбари вилоят таъкид намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи муҳити зист ва тозагии он таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Бунёди корхонаи коркарди партов яке аз ҳадафҳо дар ин самт маънидод гардид ва изҳори боварӣ карда шуд, ки ширкати чинӣ дар амалӣ шудани ин ҳадафи муҳим саҳм мегузорад.
Директори минтақавии ширкати "Powerchina Hebei engineering corporation Iimited" Ху Сяоян барои пазироӣ изҳори сипос намуда, вобаста ба ширкат маълумоти муфассал дод. Қайд гардид, ки ширкати мазкур дар самти бунёди маркази гармидиҳӣ таҷрибаи кофӣ дорад ва ҳадафаш амалӣ намудани ин таҷриба дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Мувофиқа шуд, ки ширкат пас аз омӯзиш мутахассисони худро ба вилояти Суғд фиристад ва барои татбиқи лоиҳаҳо ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд