Мулоқоти навбатии раисони вилоятҳои Суғд ва Ботканд

12 апрел дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон»-и шаҳри Исфара мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев баргузор гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо хостори тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бобати пешгирии муноқишаҳо ва ҳолатҳои ба муноқишаҳо сабабшаванда гардида, таъкид доштанд, ки мардумони ду кишвар асрҳо инҷониб дар канори ҳам зиндагӣ доранд ва бояд анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ минбаъд низ риоя карда шавад.

Гуфта шуд, ки таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ дар ҳарду тараф низ масъалаи асосӣ буда, бояд ҷонибҳо дар ҳамкорӣ ва якдигарфаҳмӣ фаъолият намоянд.

Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки вобаста ба масъалаи истифода аз захираҳои обӣ дар сатҳи муовинони раисони вилоятҳо ва роҳбарони идораҳои обёрии ду тараф гуруҳи корӣ ташкил шуда, масъалаҳои мавҷуда дар ин самтро баррасӣ ва якҷо ҳал созанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд