Мулоқоти Раиси вилоят бо директори генералии Корхонаи муштараки "Зарафшон" Ван Яфен

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори генералии Корхонаи муштараки "Зарафшон" Ван Яфенро ба ҳузур пазируфт. 

Зимни мулоқот иттилоъ дода шуд, ки Ван Яфен ба вазифаи директори генералии корхонаи "Зарафшон" таъин шудааст. Ӯ қаблан низ дар корхонаи муштарак ба ҳайси муовини якуми директори генералӣ фаъолият дошта, таҷрибаи кофӣ дорад.

Раиси вилоят аснои мулоқот иброз дошт, ки имрӯз бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ду кишвар ҳамкориҳои судманд доранд.

Таъкид гардид, ки Корхонаи муштараки "Зарафшон" аз калонтарин корхонаҳои саноатӣ буда, саҳми он дар пешрафти иқтисодиёт калон аст. Бо назардошти ин, бояд иқтидорҳои истеҳсолӣ пурраву пурсамар истифода бурда шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд карда шавад. 

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз ҳадафи стратегӣ эълон гардидани саноатикунонии мамлакат дастур дод, ки ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ карда шавад. Ҳамзамон корхона бояд уҳдадориҳои худро сари вақт иҷро намуда, дар бунёди иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу кӯдакистонҳо дар шаҳри Панҷакент саҳмгузорӣ намояд.

Ван Яфен дар навбати худ барои ҳамкории судманд ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят изҳори сипос карда, илова намуд, ки барои иҷрои нақшаи истеҳсолӣ ва уҳдадориҳо аз тамоми имкониятҳо истифода бурда хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд